Дархост гузоред
RU
TJ
RU
TJ


Ширкати «Т@мос»

      “Т@мос” – ин хизматрасони дар намуди аутсорсинги маркази тамос (Колл-центр) ба ҳисоб меравад. Маркази-тамоси аутсорсингӣ  ин шакли муосири интерактивӣ ва маҷозӣ барои пешниҳоди хизматрасонҳо аз ҷониби кормандони маркази тамос мебошад. Моҳияти хизматрасонӣ дар он аст, ки операторони маркази мо аз номи ширкати Шумо хизмат  мекунанд ва ба муштарӣ ё мизоҷони Шумо дар харид, фармоиш ва гирифтани  машваратии баландихтисос кӯмак мерасонанд. Бо туфайли самаронокии кори кормандони  «Т@мос», муштариён метавонанд, ба осонӣ ва ба зудӣ машварати иттилоотӣ гирифта, ҳамзамон харидори намоянд. Хизматрасонии мо барои беҳтар намудани раванди коркарди дархост ва фармоиш, баланд бардоштани сатҳи садоқатмандии мизоҷон ва таъсири мусбат расонидани хизматрасонии ширкати Шумо кӯмак расонида ба нуфузи ширкати Шумо дар бозор фаъолият мекунад.

Операторони касбии омодашудаи «Т@мос», дар самти қабули зангҳо, коркарди зангҳои муштариён ва мизоҷон дар тӯлли 24 соат (як шабонарӯз) фаъолият мекунанд. Қабули зангҳо коркарди сигналҳоро на танҳо дар Тоҷикистон, балки аз тамоми минтақаҳои Федератсияи Руссия дар бар мегирад. Хизматрасонии маркази занг аз он ҷиҳат муфид аст, ки он ҳамчун аутсорсинг пешниҳод  мешавад ва алоқа на танҳо тавассути телефон, балки тавассути почтаи электронӣ ва тавассути SMS паёмҳо ба амал меояд. Хизматрасонии аутсорсинги занг барои муштариён(фармоишгар) аз он ҷиҳат қулай аст, ки хизматрасониҳои касбии маркази тамос бидуни афзоиши кормандон, дар муҳлати кӯтоҳтарин ва бо нархи дастрас таъмин карда шаванд. Аз ин рӯ, хизматрасонии қабули зангҳо дар мағозаҳо, ширкатҳо ва мағозаҳои интернетӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолият талаботи зиёд дорад.

Хизматрасонии қабули фармоиши маркзаи тамос дар аутсорсинг чӣ гуна кор мекунад?

Пеш аз оғози ҳамкорӣ байни ширкат ва маркази тамос, якчанд намунаҳо (сценариев) барои муошират бо муштариён сохта мешаванд. Кормандони ширкат ва мудири кор бо мизоҷони  “Т@мос” нақшаи саволу ҷавобро таҳия мекунанд. Ҳангоми коркарди дархостҳои аутсорсингӣ, операторҳо ба барномаҳои намунавӣ  риоя мекунанд.

Дар доираи марҳилаи омодагӣ, нархи хизматрасони муайян карда мешавад, масъалаҳои марбут ба хусусиятҳои мол ё хизматрасонӣ қайд карда мешаванд, инчунин хатҳои асосии муколама рушан мегардад. Кормандони маркази тамос аз омӯзишҳои иловагӣ гузашта,  дар ҷараёни пешниҳоди хадамоти аутсорсинг бо алгоритмҳои алоқа метавонанд танзим карда шаванд.

Хизматрасонии коркарди фармоиш, ки аз ҷониби маркази тамос дар доираи аутсорсинг пешниҳод карда мешавад, чунин хусусиятҳоро дорост:

  • барои ширкати муштарӣ хати алоҳидаи телефон ё рақами шаҳрӣ ҷудо карда мешавад;
  • реҷаи фаъолияти кории маркази тамос 24/7 дар бар гирифта, ҷараёни зиёди қабули  зангҳоро иҷро мекунад;
  • барои назорати иловагӣ ва таҳлили минбаъдаи зангҳо, муколамаҳо байни операторони маркази тамос ва муштариён сабт карда мешаванд;
  • бо дарназардошти шартнома бо мизоҷ ҳармоҳ ё ҳарҳафта гузориши омории зангҳо пешниҳод мегарданд.

Натиҷаҳои истеҳсолии кори маркази тамос барои қабули дархостҳо дар шакли маълумоти оморӣ инъикос карда мешаванд: ҷадвалҳои гардишӣ, графикҳои визуалӣ, диаграммаҳои тасвирӣ. Пас аз баррасии онҳо, муштарӣ ё мизоҷ метавонад шарҳҳо ва пешниҳодҳои худро нисбати кори оператори маркази тамос ба мисли, муайяни вақти миёнаи гуфтугӯ, суръати коркарди муроҷиат (зангҳо), вақти интизории операторҳо ва ғайраро  пешниҳод намояд.

Фоидаи истифоибарии  хизматрасонии аутсорсингӣ барои Шумо дар чист?

Хизматрасонии ҷуғрофӣ: маркази тамос метавонанд бо чаҳор забон, забони русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ ва ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, хизмат расонанд;

Манфиатҳои моддӣ: сарфа барои хариди  мебел ва таҷҳизотҳои техникӣ;

Манфиатҳои кадрӣ (касбӣ): кадрҳои омода, соҳибихтисос, бо имконияти васеъшавии кадрҳо, ба афзоиши кормандон дар корхона ниёз нест

Фоидаи молиявӣ: сарфа аз музди меҳнат ва  иҷора

Садоқатманди: бо дастрасии хизматрасонии хуб ва зуд сатҳи қаноатмандии муштариён баланд мешавад ва онҳо ба ширкати шумо содиқтар мешаванд

Сарфаи вақт: ташвиши қисмати баҳогузорӣ , таҳлили ва омодасозии кадрҳои Шуморо мо бар души худ  гирифта, ки ин боиси сарф нагаштани вақти шумо мегардад

Объективӣ: мо инчунин хизматрасонии бозомӯзишиӣ  ва баҳогузрии сатҳи кормандони Шуморо пешниҳод мекунем.  Барои омӯзиш ва арзёбии сатҳи хизмат барои операторони маркази тамос  ҳамчун як шахси сеюми беғараз, метавонем салоҳияти кормандони шуморо арзёбӣ намамуда, баҳои объективӣ хоҳем дод, нисбат ба кормандони дохилие, ки онҳоро алакай омӯзонидаанд.