Дархост гузоред
RU
TJ
RU
TJ


Хати ҳамешафаъол

Ширкатҳои тиҷоратӣ, мағозаҳои интернетӣ, шабакаҳои супермаркетҳо ва дигар иншооти соҳаи хиздматрасонӣ бештар ба хати доимфаъол такя мекунанд ,чунки аз ҳама  роҳи самаранок ва натиҷабахш дар ҳамкори бо харидорон ва фармоишгарон аст.  Қариб ҳама гуна марказҳои тамоси муосир истифодабарии чунин намуди баҳогузориро пешниход менамоянд, чунки ин хизматрасони имкони дастгирии нотакрори муошират бо мизоҷнро дар бар мегирад. Муштариёне, ки ба рақами телефонии доимфаъол  занг мезананд, ба саволҳои худ ҷавобҳои мукаммал мегиранд, ки ин боиси боварии муштариёнро зиёд менамояд. Одатан, рақами хизматрасони кӯтоҳ буда, боиси осонии  рақамчинӣ ва дархотира доштан  мегардад. Ҳар қадареки зангҳо вориди хати алоқа мешаванд, ҳар яки он коркард шуда беҷавоб намемонад. 

Кадом хизматрасониҳоро хати ҳамешафаъол  пешбини мекунад

Хадамоти телефон хизматрасониҳои зеринро дар бар мегирад:

  • ҷадвали мувофиқи кор – имкони шакли интихоби вақти муайян ё 24 соат дар як рӯз, 7 рӯз дар як ҳафта;
  • операторони “T@ мос”, ки дар хат хизматраснӣ қарор доранд, аз омодагии мукаммал мегузаранд;
  • мутахассисон аз ҳамаи нозукиҳои хизматрасонии лоиҳа маълумоти амиқ доранд;
  • хати доимфаъол пешниҳоди рӯйхати  овозиро дар назар дорад;
  • технологияҳои муосир имкон медиҳанд, ки ҳар як занги воридоти ба қайд гирифта шуда, аз он омори дақиқ пешниҳод шавад;
  • кори операторҳо таҳти назорати қатъӣ қарор мегирад, муколамаҳо сабт карда мешаванд;
  • ба мизоҷе, ки аз хизматрасонии хати доимфаъол истифода мебарад, ҳисобот пешниҳод карда мешавад.

         Дастгирии телефонӣ тавассути хати доимфаъол на онқадар гарон буда, ба шумо имкон медиҳад, ки бо муштариён алоқаи наздики телефонӣ дошта бошед, бо  шунавандагонатон самимӣ буда, инчунин таъсири иттилооготиро ба онҳо  васеъ намоед.