Дархост гузоред
RU
TJ
RU
TJ


Даъват ба чорабинӣ

Дар арафаи намоиш, симпозиум, семинар, конфронс, тренинг ташкилотчиён  аз он нигарон ҳастанд, ки оё меҳмонони кофӣ барои иштирок дар чорабинии мазкур ҳузур менамоянд? Барои он ки меҳмонон ҳамаи ҷойҳои озодро ишғол кунанд ва вохӯрӣ бомуваффақият гузарад, аз хизмат, ба монанди даъват кардани меҳмонон тавассути телефон, истифода бурдан тавсия дода мешавад.

            Барои он ки паёми иттилоотӣ дар шакли даъватнома ба чорабинӣ аз ҷониби меҳмони эҳтимолӣ ба қадри кофӣ қабул карда шавад, бояд якчанд қоидаҳо ба назар гирифта шаванд:

  • матни даъватнома бояд кӯтоҳ ва содда бошад, то муштарӣ огоҳ шавад, ки ба кадом чорабинӣ кай ва дар куҷо баргузор мегардад, даьват шудааст;
  • Занг задан ба меҳмонони эҳтимолӣ бояд ҳарчи зудтар анҷом дода шавад ва ин танҳо аз ҷониби гурӯҳи дастҷамонаи операторони маркази тамос, ки дар муддати кӯтоҳ ба шумораи зиёди муштариён занг мезананд, анҷом дода мешавад;
  • ҳангоми мутолиаи матни даъватнома, оператор диққати худро ба он равона мекунад, ки меҳмон аз тамошои намоишгоҳ, семинар, тренинг чӣ манфиат ба даст меорад;

         Албатта, шумо метавонед меҳмононро мустақилона даъват кунед, аммо дар  рафти ин кор вақти хеле зиёди худро сарф мекунед. Аммо беҳтар аст, ки оқилона амал кунед – аз хизмати маркази тамос истифода бурда, зангҳо бо муштариёнро ба операторони баландихтисос супоред.