Дархост гузоред
RU
TJ
RU
TJ


Хадамоти фармоиши маҳсулот ва хизматрасонӣ

Хадамоти қабули фармоиш- ин самти пешниҳоди қулаи интерактивии хизматрасонӣ дар ҳолати занг задани истифодабаранда ба оператор барои сабти мол, гирфитани кӯмаки машваратӣ, тавзеҳоти салоҳиятдор мебошад. Бо ташабусси кори хуби кормандони маркази тамос, муштариён метавонад ба зудӣ ва осонӣ харидори намоянд. Чунин тарзи қабули фармоишҳо барои ҷалби харидороне, ки вақти зиёди харидро дар мағозаҳои оддӣ надоранд имконият медиҳад. Операторони босалоҳиятноки  “T@мос”, ки дар хизматрасонии қабули дархостҳо кор мекунанд,  дархостҳоро дар реҷаи доимии – 24/7  коркард  менамоянд. Қабули дархостҳо на танҳо муошират тавассути телефон, балки дастгирӣ тавассути дигар шабакаҳои алоқаро дар бар мегирад: тавассути SMS-паёмҳо ва почтаи электронӣ.

 

Нақшаи хизматрасонӣ ва бартариҳои он

               Дар оғози ҳамкории ширкат бо маркази тамос, ки дар он ҷо хизматрасонии коркарди барномаҳо ташкил карда мешавад, намунаи барномаҳои муоширатӣ таҳия карда мешаванд. Мутахассисони ширкат ва шахси масъули маркази тамос нақшаҳои саволҳо ва ҷавобҳои асосиро таҳия мекунанд, ки кормандони маркази тамос онро риоя хоҳанд кард.

               Дар доираи ин марҳилаи омодагӣ масъалаҳои марбут ба хусусиятҳои хизматрасонӣ ё мол таҳия карда мешаванд, самтҳои асосии муколама ташаккул меёбанд. Дар оғози ҳамкорӣ бо ширкати фармоишгар, операторҳо аз омӯзиши махсус гузашта, дар ҷараёни кор алгоритмҳои коркард ислоҳ  мегардад.

Хусусиятҳои асосии пешниҳоди хизматрасонии “Хадамоти фармоишҳо” барои молҳо ва хизмптрпсонӣ дар асоси аутсорсинг чунинанд:

  • Барои ширкати фармоишгар рақами қуллай барои дар хоти доштани рақами шаҳрӣ, рақами кӯтоҳ ё ин ки рақами телефон ҷудо карда мешавад
  • Хизматрасонии коркарди фармоишҳо метавонад чӣ аз соати 8.00 то 22.00 ҳамзамон дар реҷаи доими 24 соат коркарди зангҳои воридушдаро аз ҷониби муштариён дар ҳар вақт қабул намояд
  • Барои омор ва назорати кори операторон хадамоти қабули фармоишҳо, суҳбати онҳо бо муштариён сабт мешавад  
  • Омори зангҳо ва гузоришҳо мутаносибан дар асоси шартнома ҳарҳафта ё ин ки ҳармоҳ  фиристода мешавад.

               Натиҷаи кори  хизматрасонии қабули дархостҳо дар шакли диаграммаҳои визуалӣ, ҷадвалҳои таҳлилӣ муқоисавӣ инъикос карда мешавад. Дар рафти омӯзиш, фармоишгари хизматрасони аутсорсинг метавонад ҳақиқатбинона кори хизматрасониро баҳогузори намояд: вақти миёнаи мусоҳибаи оператор бо муштарӣ, вақти миёнаи интизорӣ барои посухи мутахассиси маркази тамос, сатҳи хизматрасонӣ, чанд дархост бояд дар як шабонарӯз  қабул  шавад.

         Бо ташкили қабули дархостҳо дар асоси аутсорсинг, ба Шумо лозим намешавад, ки вақти худро мусақилона  барои қабули дархостҳо, коркард ва азназаргузаронии машварати босалоҳиятнок сарф намоед.  Операторони “T@мос” ҳар як занги воридшударо бодиққат коркард намуда, бомаҳорат ба саволҳо посух  дода, ба мизоҷ барои гирифтани дастгирии иттилоотӣ кӯмак мерасонад. Аутсорсинги хадамоти қабули фармоҳиш ширкати фармоишгарро аз гирифтани иҷораи корхона барои маракази тамос, қабули коргарон ё ин ки ба коргарони доимӣ  масъулияти навро бар души онҳо гузоштанро сабук мегардонад.